ТАШРИФИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДАИ КАСБӢ-ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ЛАНЧЖОУИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ХИТОЙ БА ДОНИШКАДА
Роҳбарияти донишкада ҳайати бонуфузи ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" ва устодони Донишкадаи касбӣ-техникии шаҳри Ланчжоуи Ҷумҳурии мардумии Хитойро ба ҳузур пазируфт.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба раванди омодасозии мутахасисон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумот дода, ҳамзамон нақшаву дурнамои муассисаи таълимиро дар самтҳои мухталиф муаррифӣ намуд.
Гао Лэй, дотсент ва декани факултети геология ва санъати ҷавоҳирсозӣ, Ван Янсзюн, дотсенти Институти маводи ҷавоҳирӣ ва технологияҳои факултети геология ва санъати ҷавоҳирсозӣ, Ван Вэнтзюн, омӯзгори факултети геология ва санъати ҷавоҳирсозӣ, Ши Гуанъюэ, муҳандис ва омӯзгори факултети мошинасозии металлургӣ ҳадафи ташрифи хешро шарҳ дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи илмию таълимии устодон ва донишҷӯён, татбиқи самаранокии шартномаи ҳамкорӣ ва роҳандозии лоиҳаҳо ва барномаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва экология баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо имконияти баланд бардоштани сифати таълим, ҳидоят намдуани донишҷӯён бо дониш ва малакаҳои байналмилалӣ ва дар ниҳоят — тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нақши муҳим мебозад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО